http://tojikislom.net.ru/ , Душанбе URL: http://tojikislom.net.ru/ Email:
| БЕ САДАҚАИ ФИТР РӮЗА МУАЛЛАҚ МЕМОНАД Ба ҳар шахси мусулмони озод, ки соҳиби нисоб буда молаш аз ҳоҷати аслӣ зиёд бошад, додани садақаи фитр воҷиб мегардад. Сарвари оила аз номи худ ва фарзандони хурдаш, ки соҳиби пулу мол нестанд садақаи фитр медиҳад. Агар ба ҷои ҳамсар ва фарзандони калонаш садақа диҳад ҳам, равост. Ҳар тифле, ки шаби Иди Рамазон таваллуд ёбад, барои он садақа додан воҷиб мешавад. Нафаре, ки садақаашро пеш аз субҳи ид ё дар даруни моҳи Рамазон дода бошад, адо меёбад. Лекин саҳари ид ва пеш аз хондани намози ид садақаи фитр мустаҳаб аст. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: « Ҳар касе садақаи фитрашро адо кард, Аллоҳ Таъоло ба он банда даҳ чиз ато менамояд. Аввал, ҷасади он бандаро пок мегардонад. Дуюм, ӯро аз оташи Дӯзах озод месозад. Сеюм, рӯзаашро қабул менамояд. Чорум, биҳиштро ба он банда воҷиб мегардонад. Панҷум, он банда аз гӯр эмин бармехезад. Шашум, дар он сол ҳар чизе, ки хайр кунад, иншооллоҳ қабул мешавад. Ҳафтум, шафоати маро дар ҳаққи он банда воҷиб мегардонад. Ҳаштум, ӯро чун барқ аз Пули Сирот мегузаронад. Нуҳум, тарозуи аъмоли некӯиҳои ӯро вазнин месозад. Даҳум, номи он бандаро аз девон (дафтар)-и бадбахтон маҳв мегардонад». Агар касе бо фаромӯшӣ то хондани намози ид садақа надода бошад, аз гарданаш соқит намешавад. Баъд аз ид низ доданаш воҷиб аст, аммо савобаш кам мешавад. Як бор додани садақаи Фитр қабл аз намози ид аз хотири ҳазрати Усмон (р) фаромӯш шуд. Баъди хондани ид ба хотирашон расиду ғуломеро озод карда, назди Расулуллоҳ (с) омада гуфтанд: «Ё Расулуллоҳ (с), қабл аз ид додани садақаи фитр аз хотири ман фаромӯш шуд. Ба ивази он як ғуломро озод намудам». Расули Худо (с) гуфтанд: «Эй Усмон, агар сад ғулом озод кунӣ ҳам, савоби адои садақаи фитри қабл аз идро намеёбӣ». Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) омадаасат: Ҳар касе, ки садақаи фитрро пеш аз намози ид адо накунад, рӯзаи он дар байни осмону замин муаллақ меистад. Ҳар чи гоҳе ки садақаи фитрро диҳад, Аллоҳ Таъоло ба рӯзаи он ду боли сабз ато мекунад, то осмони ҳафтум парвоз карда, ба амри Аллоҳ Таъоло ба қандиле аз қандилҳои нишаста, аз соҳиби худ изҳори ризомандӣ менамояд». Имом Ҳасани Басрӣ (р) гуфтаанд «Ҳамон гуна, ки саҷдаи саҳв нуқсони намозро ба ислоҳ меорад, садақаи фитр нуқсони рӯза ва таровеҳро ба ислоҳ меорад». Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон садақаи фитрро ба ҳар кас миқдори 1,5 сомонӣ муайян кардааст. Садақаи фитрро ба падару модар, фарзанд, набера, бобою бибӣ додан ҷоиз нест. Онро ба бародару хоҳар ва дигар хешони камбизоат, афроди маъюбу дастнигар, беваю ятимон додан савоб аст. Худованд намозу рӯза ва хайру эҳсони моро ба даргоҳаш қабул гардонида, ҷисму рӯҳ ва дилҳои моро чун оина поку беғубор гардонад. Омин! Ҳоҷӣ Назаралии САИДАЛӢ |
|