Абдуқаюми Қаюмзод , Душанбе Email:
| Муҳоҷирони тоҷик "Наша Раша"-ро ба додгоҳ мекашанд Каромат Шарифов, раиси ҷунбиши «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия» 15.02.2010 Абдуқаюми Қаюмзод Ҷунбиши сартосарии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия» тасмим гирифтааст, барномаи «Наша Раша»-и шабакаи ТНТ-и Русия ва масъулони ин телевизионро ба додгоҳ бикашад. Дар номаи саркушодаи ин созмон, ки ба унвони Додситонии кулли Русия ва Хадамоти федеролии ин кишвар дар умури назорати васоити ахбор ва мухобирот ироа шудааст, гуфта мешавад, ки шабакаи ТНТ тайи панҷ соли ахир алайҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барномаҳои таҳқиромез таҳия ва пахш карда, симои миллати тоҷикро дар Русия доғдор кардааст. Каромат Шарифов, раиси ҷунбиши сартосарии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия», дар як сӯҳбате бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки ба маҳзи пахши лавҳаҳои пур аз таҳқир ва тавҳини барномаи «Наша Раша»-и шабакаи ТНТ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия дучори масхара ва мазоҳ мешаванд. Оқои Шарифов мегӯяд, аз масъулони ин шабака ва махсусан барномасозони «Наша Раша» даъват кардааст, ки барои пойин бурдани шаъну эътибор ва шарафи мардуми тоҷик расман узр бипурсанд ва аз идомаи нашру пахши такрории чунин барномаҳо даст бикашанд. Вале дар сурати бепосух гузоштани ин даъво ӯ вазифаи худ мешуморад, ки қазияро то ба додгоҳҳои Аврупо бикашонад. Оқои Шарифов мутмаин аст, ки барои чунин даъво далоили кофиро гирдоварӣ кардааст. Вай мегӯяд, «баста шудани чунин барномаҳо, ки кори аслиашон тасвири бардурӯғ ва таҳқири ошкорои миллати тоҷик дар Русия аст, бояд чанд соли пеш сурат мегирифт. Тайи панҷ соле, ки ин барнома амал мекунад, борҳо чунин талош аз сӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон анҷом дода шуд. Ман инро вазифаи асосии худ мешуморам, ки на танҳо барномаи «Наша Раша», балки худи шабакаи ТНТ баста шавад. Онҳо моро таҳқиру мазоҳу масхара карданд. Ва мақомоти интизомии Русия бояд ҷилави онҳоро бигирад. Бигзор масъулони шабакаи ТНТ ва дастандаркорону бозигарони ин барнома расман аз мардуми тоҷик узр пурсанд ва навору дискҳои худро аз фурӯш барчинанд. Вақте ман ин масъаларо бо дигар коргардонҳо ва бо дигар актёрҳо дар миён гузоштам, ки чаро маҳз тоҷикон дучори чунин беҳурматӣ ва беэҳтиромии ин барнома шудаанд? Онҳо посух доданд, ки тоҷик пуштибон надорад». Суол: -Маълум аст, ки аз Шумо пештар мақомот, аз ҷумла сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Вазорати умури хориҷа, бо ирсоли номаҳои эътирозӣ ба унвони раҳбарияти ин кишвар муроҷиат карда буданд, ки барномаи «Наша Раша» ва ТНТ нисбати мардуми тоҷик таҳқир ва тавҳинро раво мебинанд, аммо ба чизе муваффақ нашуданд. Шумо фикр мекунед, ки муваффақ хоҳед шуд? Каромат Шарифов: -Бале, чунин номаҳои эътирозӣ пештар низ буданд. Шояд онҳо далел пеш наоварданд. Шояд касе аз пайи ин кор нашуд. Дар инҷо фақат аз тариқи додгоҳ мешавад ҷилави онҳоро гирифт. Ман боварии комил дорам, ки мо коре карда метавонем. Онҳо ҳатман бахшиш хоҳанд пурсид ва узр хоҳад хост. Суол: -Ба назари Шумо чаро мақомоти Русия аз ин гуна амалҳои шабакаи ТНТ ҷилавгирӣ намекунанд. Дар ҳоле, ки қонунҳои ин кишвар низ ташвиқи ақидаву андешаи бадбинии миллӣ, мазҳабӣ ва нажодиро манъ кардааст? Каромат Шарифов: -Ман, албатта, пеш аз он ки чунин тасмим бигирем, бо маъмури фаъолиятҳои мо дар назди дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия ҳамсӯҳбат шудам. Худи роҳбарияти Русия наметавонад бевосита ин корро анҷом диҳад. Шумо, агар ёд доред, дар шабакаи НТВ замоне як шоубарномаи дигаре бо номи «Куклы» намоиш дода мешуд. Онро манъ карданд. Албатта тавассути додгоҳ. Алайҳи он парванда боз шуд. Масалан, яке аз даъвогарон сиёсатмадор Владимир Жириновский буд. Барномаи «Наша Раша»-ро низ додгоҳҳои Русия метавонанд манъ кунанд. Президент ё нахуствазири Русия қарор ва ё фармоне содир намекунад, ки ин шабака баста шавад. Ин кори ҷамъиятҳо ва кори шахсии ҳар як шаҳрванд аст. Имрӯз вақте ба намояндагӣ аз давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар инҷо ҷамъиятҳои гуногун амал мекунад, аз ҷумла ҷунбиши мо, пас мо бояд ин корро анҷом диҳем ва ба додгоҳҳои Русия муроҷиат кунем. Итминон дорам, ки даъвои мо аз тарафи мақомоти Русия пуштибонӣ хоҳад ёфт. Суол: -Яъне ҳамон тавре, ки дар номаи Шумо омадааст, баъди гузаштани даҳ рӯз аз чопи нома, агар ин шабака узр напурсад, ба додгоҳ муроҷиат мекунед? Каромат Шарифов: - Бале. Зеро мо дар даст аснод ва далелҳои кофиро дорем. Мо ягон қадам ба қафо баргаштанӣ нестем, танҳо ба пеш. Мо бояд бифаҳмонем, ки демократия чист ва киҳо ва бо кадом ҳадаф аз озодии сухан сӯйистифода мекунанд. Ва мо бояд бифаҳмонем, ки дӯст доштан ва эҳтиром гузоштан ба миллат чӣ маъно дорад ва мо дар шаъни ҷунбиши худ эътибори миллати худро мебинем ва намегузорем, ки шаън ва эътибори моро паст зананд. Суол: -Агар додгоҳ дар Русия даъвои шуморо қонеъ накард, иддаоро то ба додгоҳҳои аврупоӣ хоҳед бурд? Каромат Шарифов: -Мо бар ин назарем, ки даъвои мо дар додгоҳ | Комментарии посетителей:- Абду&1179;аюми &am
[email] [Душанбе] Ном: Беном Посух 15.02.2010 08:58 Миллатгарони русро сиёсатмадорони руси Путин, Жириновский ва дигарон руирост ва аз пушт дастгири мекунанд. Агар Шумо чаноби Шарипов пируз шавед мо хурсанд мешавем. Сухбатхои байни президентони ин ду кишвар мешавад. Наход дар яке аз ин сухбатхо дар бораи Наша Раша сухан рафтаги набошад... Ном: bohir аз: bahor Посух 15.02.2010 11:42 Аз дидану шунидани барнмахои тнт бисёр ба газаб омадаам чи мешуд ин шабакаи телевизиониро мебастанд ин тв барои дустии халкхо набудааст балки барои душмании халкхо Мухтарам Шарифов Каромат Шумо иншооллох фикратон дар амал татбик мешавад голиб мебароед rghalta аз: Badakhshon Посух 15.02.2010 09:32 Мухтарам Каромат Шарифов барои часорататон хазор бор офарин. Ва барои рохи муборизае, ки пеш гирифтаед низ офарин. Мубориза бо сузондану шикастану кафонда рохи нодуруст аст. Аммо мубориза аз тарики додгох ва конуни мн муборизаи хакики аст. Ман сад дар сад бовари дорам Шумо хатман пируз мешавед. Факат дигар аз рохатон бар нагардед. Барои Шумо ва касое, ки хамрох бо Шумо хастанд аз Худованди Бузург дар таъмини адолат тавфик металабам. Ном: jamshed аз: Tojikiston Посух 15.02.2010 09:38 Salomu durud ba muhtaram Karomat Sharifov.Banda ba Shumo va hamkoronat dar in kori naku piruzi khohonam.Khudovand ba Shumo nusrat bidihad va on nafarone,ki in barnomai befarhangiro sahmguzorii kardaand,khudovand jazoyashonro dihad.Mo bo Shumo hastem barodari aziz va mefakhrem,safi chunin javonmardoni dilsuzi millatro khudoi buzurg afzoish bidihad.Zinda bod mardumi sharifi tojik. Ном: farid Посух 15.02.2010 09:43 офарин шарифов! лекин чаро баъд аз 4 сол аз хоб бедор шудед? дар тамоми кишвархои дуне ин гуна намоиш хамчун амали терористи арзеби карда мешавад - аммо дар руссияи шовинисти ин мазхака будааст Ном: Озоди аз: Хатлони Посух 15.02.2010 10:13 Ман фикр мекунам, ки аксаряти мардуми точик тарафдри ин аќидаанд. Дар хаќикат барномаи «Наша Раша» на барои бехбудии дустии халќхо мо мебошад. Бисъёр хуб мешуд, дар теливизионхои(дискхо) Руссия барнома ва филмхо оиди таърих ва маданияти гузаштаву хозираи точикон нишон дода шавад. Аз духтараке, ки дар мактаби русия бо бахои аъло мехонад. Пурсидаанд, чаро дар мактаб либосхои нимуръён мепуши.Чавоб додаст. Дар ин чо либосхои мили моро аз циганхо мешуморанд. Ном: Икбол аз: Лохур Посух 15.02.2010 11:44 Чун чароги лола сузам дар хиёбони шумо, Эй чавонони Ачам чони ману чони шумо. Мерасад марде, ки занчири гуломи бишканад, Дидаам аз равзани девори зиндони шумо. Ном: Аличон аз: аз Душанбе Посух 15.02.2010 11:45 Дар хакикат часорат ва мардонаги кардед бародар Ном: Снайпер аз: Чердак Посух 15.02.2010 11:45 Аз хоб бедор шудед, хушатон омад, аммо хеле дер. Ахсан ба Салим Аюбзод, ки дар торнигораш пайваста зангулаи пурчаранг зад то аз хоб бедор шавем ё шавед! Ниг: www.aioubzod.wordpress.com Ном: student аз: e.u.a Посух 15.02.2010 12:04 salom bahamai muhojironi tojik chro shumo az hukuki khud difo namekunen tojiko ay pushti shumo shuda dar digar davlatho sari khudro bolo karda nametavonad biyoyed bo hamrohi aki Karomat sharifov hamroh shaven yakjoya shaven tokay in khoru zori in benomusi ..to hamika vakta yagon banomus paydo nashud sari rohi in guna poimoli huki dagaronro girad ak imruz ki in mardi anomus in koro mekunad harchandki deram shuda boshad nekim boyad shumo dastgiri kuned baroi aki Karomat sharifov burdbodiho va muvafakiyatho orzumandem khudo piruzaton gardonad . Ном: Nasim аз: Chin Посух 15.02.2010 12:09 hatto ba nazdiki yak filmi barovardand, nomi film Nasha.Russia.Jajca.sudby , agar vakton shava hamin filmora tamosho , hatto dar in film passporti tojiki dar kabr mepartoyad... Rahmat ba shumo , ki az pushti hamin kor shuded ... Inshoalloh hama hub mesha 15.02.10 11:54 - Абду&1179;аюми &am
[email] [Душанбе] Ном: нур аз: Душанбе Посух 15.02.2010 12:32 Чи ин кад хама аз ин кор хафаву димогсуз шуден, ку биёен руйирост матрах бикунем, магар хамин хел нест, ки мо дар сахнахои Наша раша мебинем,ба номи худо сад дар сад ростай,балки унхо холи ними дар ними корхои точикора нишон намедихан.Ба ира судда мекашум,ура мачбур мекунум, ки узр бипурса кор хали мусбии худа наметавонад биёба.Намедонум ташкилотхои давлати бунёд кардан даркор, ки хар як нафари росиярава каблан таёр бикуна.Хам забон биомузона ва хам касб. Бовар кунед як хел хамшахриёмон аз кухистони дурдаст хатто Душанбера надида рост ба Россия мерава, ана учада сар мешава проблемахошу казияхош,так что бачахо заъф дар худи амалу хираду акли мост........................................................ .на дар Наша Раша Ном: Tojik аз: Tehron Посух 15.02.2010 12:45 Salom aleikum hamdiyoroni aziz... Avvalan tashakkuri ziyod ba Karomat Sharifov bisyor kori khub anjom doda istodaed...Khudovand baroi korhoi shumo madad kunad.... Mo muntaziri javobi dodgohi Russia meboshem.... Ном: Бону аз: Москав Посух 15.02.2010 12:50 Дар хакикат хам ин масъала бояд рохи хали худро ебад. Ман мехостам ба Шарипов гуям, ки масъалаи мухиме, ки у бояд хал кунад, ин катъ намудани ин намоиш аст. Барои чи то хол у ин корро накардааст, хайронам. Охир, аз минбархои баланд баромад карданаш, хеч маъние надорад, модоме ки дар тамоми Руссия моро масхара мекунанд. Ва чаро у шарм намедорад, вакте ки чунин тахкирро нисбати халки точик раво мебинанд.... Ном: Фирдавс аз: Чоркух Посух 15.02.2010 13:09 Агар сари рохи ин гуна барномахоро нагирим дар охир мумкин аст праблемаи калон шавад.Барои чи узбакхоро армиянхоро киргизхоро не моро барои ин ки мо бегайрат.БОЗ ДАР Точикистон мухлисхои ин барнома хаст! Ном: Хуршед Посух 15.02.2010 13:16 Окои Каромат Шарифов ИншоАллох ки комеб мешавад..... Ном: daler аз: tojikiston Посух 15.02.2010 13:20 salomu al aikum! janobi KAROMAT SHARIFOY. durud bar shumo va afrode ki hamfikri shumo hastand!!! haminki shumo tasmim girifted in davoro ba gushi mardum jahon va ba khusus ba baze az tojikoni ki az in barnomai <NANGIN>kushashon meoyad rasonded,in khud oghozi piryzi ast inshoaloh!!! ma n peshnihod mekunam,:oidi hamin masala dar tojikiston az tartiki televizion barnomai pakhsh kunem,to in ki hamai mardum dar jarayan boshand va pushtibonii khudro pyrzyrtar namoem: Ном: Doro аз: Panjakent Посух 15.02.2010 14:00 Ман фикр мекунам на танхо Шарипов , балки мо хама точикон бояд дахони ин бехурматихоро бандем ! Ин гуна рафтору ин гуна бехурматихо , нисбати миллати мо,мо точиконро бояд муттахид кунад, ба рагми душманхо мо бояд муттахид шавем ! Бас аст хамдугарро куштан , тахкир кардан, фиреб кардан...! "Пароканда лашкар наояд бакор "...!!! На танхо точикони Россия , балки тамоми точикони дунё мукобили ин бехурматихо шаванд. То ба кай содда мемонем !!! Бубинед Догистонихоро, Чеченхоро, Ингушхоро ба тамоми душвории зиндагияшон нигох накарда истодагари мекунанд, чаро мо точикон натавонем. Бародархо бас аст Бадахшонию Зарафшони, Хатлонию Хучанди гуфтан !!! МО хама точикем !Ман фикр мекунам ба тарики додгох кат" кардани ин барнома хуб аст , гарчанде чазои нарм аст, вале агар бас накунанд чазои шадидтар ( ба хар рох ) бояд дода шавад!!!! Ман фикр мекунам ба ин маймунхо-барномарезхо чазое дода шавад,ки солхои дароз дигар барномарезхо дар ед дошта бошанд !!! Биёед барои номи неки худамон, номи неки миллат коре карда тавонем !!! Ном: Малик аз: Душанбе Посух 15.02.2010 14:20 Ба Нур аз Душанбе! Бародар андеша карда харф зан, ту хато мекуни, хатои махз... Бахоят --2 Ном: муриватшо аз: руссия Посух 15.02.2010 14:28 Салом бародаи азиз чанд соле ,ки дар гарибиам шумо факат дар путибони точикон хастед иншолох ба пирузи ноил хохед шуд. Ном: Дима аз: москов Посух 15.02.2010 14:38 15.02.10 13:14 - радио озоди
[email] [мир] Ном: Daler аз: Olmon Посух 15.02.2010 14:46 Не бародар ман сад дар сад мукобили гуфтахои туям! Бовар кун норасоги дар хама хаст. Барои инро дидан чашми алмоси даркор нест. Ман якчанд сол шуд дар Олмон зиндаги мекунам. дар байни олмонихое,ки хело пешрафтаашон меномем хастанд одамоне,ки хело норасоги доранд. Е ки дар ин чой аз давлатхои собик Шурави низ зиеданд. Хусусан русхо бо авбошию, майзадаги, дуздию бемаданияти хело "машхуранд". Вакте мебини,ки дар даромадгохи Супермаркет ( Магозае бо номи АЛДИ) руси нав ба Олмон омада , аробаи харидкуниро ба сари кифташ гирифта даромадани аст , хайратат дучанд мешвад, хол он ки барои ароба дар таги биниаш рох буд. Ба зами ин хастанд русхое,ки 15-16 сол боз дар Олмон зиндаги мекунанд , вале забони олмониро ба чуз "те хураму -зан мурам " дигар чизе намедонанд . Фикр мекуни ба хамаи ин бояд Олмонихо ханданд !? Не онхо намеханданд , чунки онхо тарбиядидаанд, бар"акс ташкилотхое хаст,ки одамони форигболро ба коре андармон мекунад, кабили: забономузи, кори муваккати, компутершиносшави... Мархум Литвиненко собик афсари русе,ки ба Англия фирор карда буду уро дар он чой ба катл расониданд, дар як мусохибааш бо рузноманигорон гуфта буд : " Дар чахон ба монанди русхо халке нест ,ки ба дигар халкхо хандад". Ман розиям ба фикри он ки бархе точикони мо Душанберо надида ба шахри бузург Москов меоянд, вале мо бояд тифок бошем , донохо рохбалади навомадахо шаванд, навомадахоро бо тарзи зиндаги , фарханг, забон ...шинос кунанд. Бародар ин хамааш дар дасти худамон факат неки карда тавонуистан даркор барои халки худ ! Ном: Tojik аз: Dushanbe Посух 15.02.2010 16:09 Бародар мехахшиву лекин ба назарам ту худат аз кадом кух "хамбидагии". Ту точик хасти ё узбак? Ягон зарра худшиносии милли дори ё не? Наход точик хамин кадар бесавод бошад, ки дар унитаз даст шуяд, ё ки хурокро дар он пазад? Ин корро индейцои Африко кунанд, гапи дигар. О мо точикем, тамаддун дорем ва тамаддуни мо на камтар аз руссхо аст. Таърих гувох аст. Худро бишнос! Ном: Tojik аз: Berun az Vatan Посух 15.02.2010 18:38 Чанобон Нур ва Джамшуд! Рости намехостам ба ин бахс хамрох шавам зеро бе ин хам фикрхои сазовор баён гардидааст, вале аз навиштахои Шумоён шармам омад, афсус... акалан ба дигар забон ё забони хамон хочахои русатон фикратонро иброз мекардед, номхои точики дореду...? (албатта, агар Чамшед бошед). Мо хам медонем, ки мутаасифона байни мардуми мухочир касони кисман бесаводу аз сатхи фарханги акибмонда хастанд, вале ин ХАРГИЗ!!! маънои онро надорад, ки кадом алкаш ва ё хамон галу-стяни хамчунин аз кух фаромада ин мардумро тахкир намояд!!! Агар касе чунин мешуморад у бешак ватанфуруш ва курнамак аст! Чи, шумо чанобони фарханги магар боре ба гирду атрофи худ назар накардаед, то сафи бешумори бомжхою алкашони урусро бубинед? агар дар Русия бошед, магар намебинед, ки 500 метр берун аз Маскав он сохибватанон худ дар кадом сатх мезиянд ва чи фархангу одобе доранд? ва ё аз гуфтани ин харфхо метарсед??? Аммо, ман дидаам хамаи инро, сатхи болоии ин "кишвари бародар"-ро низ дидаам, бовар кунед, аз баёни хакикат калам очиз аст! Бехуда шефтаву дода хочахоятон нашаведу ба миллати худ ба инсоф назар кунед, фардо хамаи моро кучо, ки набошем хатман хамватане мегуронад ва чанозае мехонад на ягон приколисти "ваша раша". Магар тули 70 сол ягон нафар урусе дар Ватани шумоён бо точики харф зад ё кушиши омухтан кард, хурмате ба чо овард ва ё чизе ба шумо омухт? Танхо ватанфуруши омухтаву ба "фарханги воло"-и хеш шуморо гаравгон гирифт! Нахаросед, аз нодории хамватанони худ шарм надоред ва хазар хам накунед, мабод, ки мучозот шавед. Бехтар аст, ки харфе гуед то хамватан аз шумо шарм накунад, номи худро низ ба забони модариатон талафуз кунед, модари точик Джамшут намегуяд!!! Худованди мехрабон имону тавфик дихад! Ном: Tojik аз: Tehron Посух 15.02.2010 12:45 Salom aleikum hamdiyoroni aziz... Avvalan tashakkuri ziyod ba Karomat Sharifov bisyor kori khub anjom doda istodaed...Khudovand baroi korhoi shumo madad kunad.... Mo muntaziri javobi dodgohi Russia meboshem.... Ном: Бону аз: Москав Посух 15.02.2010 12:50 Дар хакикат хам ин масъала бояд рохи хали худро ебад. Ман мехостам ба Шарипов гуям, ки масъалаи мухиме, ки у бояд хал кунад, ин катъ намудани ин намоиш аст. Барои чи то хол у ин корро накардааст, хайронам. Охир, аз минбархои баланд баромад карданаш, хеч маъние надорад, модоме ки дар тамоми Руссия моро масхара мекунанд. Ва чаро у шарм намедорад, вакте ки чунин тахкирро нисбати халки точик раво мебинанд.... Ном: Фирдавс аз: Чоркух Посух 15.02.2010 13:09 Агар сари рохи ин гуна барномахоро нагирим дар охир мумкин аст праблемаи калон шавад.Барои чи узбакхоро армиянхоро киргизхоро не моро барои ин ки мо бегайрат.БОЗ ДАР Точикистон мухлисхои ин барнома хаст! Ном: Хуршед Посух 15.02.2010 13:16 Окои Каромат Шарифов ИншоАллох ки комеб мешавад..... Ном: daler аз: tojikiston Посух 15.02.2010 13:20 salomu al aikum! janobi KAROMAT SHARIFOY. durud bar shumo va afrode ki hamfikri shumo hastand!!! haminki shumo tasmim girifted in davoro ba gushi mardum jahon va ba khusus ba baze az tojikoni ki az in barnomai <NANGIN>kushashon meoyad rasonded,in khud oghozi piryzi ast inshoaloh!!! ma n peshnihod mekunam,:oidi hamin masala dar tojikiston az tartiki televizion barnomai pakhsh kunem,to in ki hamai mardum dar jarayan boshand va pushtibonii khudro pyrzyrtar namoem: Ном: Doro аз: Panjakent Посух 15.02.2010 14:00 Ман фикр мекунам на танхо Шарипов , балки мо хама точикон бояд дахони ин бехурматихоро бандем ! Ин гуна рафтору ин гуна бехурматихо , нисбати миллати мо,мо точиконро бояд муттахид кунад, ба рагми душманхо мо бояд муттахид шавем ! Бас аст хамдугарро куштан , тахкир кардан, фиреб кардан...! "Пароканда лашкар наояд бакор "...!!! На танхо точикони Россия , балки тамоми точикони дунё мукобили ин бехурматихо шаванд. То ба кай содда мемонем !!! Бубинед Догистонихоро, Чеченхоро, Ингушхоро ба тамоми душвории зиндагияшон нигох накарда истодагари мекунанд, чаро мо точикон натавонем. Бародархо б 17.02.10 10:00 - радио озоди
[email] [мир] Ном: Мухамадчон аз: Тавилдара Посух 15.02.2010 18:01 Ба Чамшуд ва Нур. Бародарон киро намефорад ки сару либоси тоза ва озода пушида бошад Дар тамоми чахон имигрантхо хастанд ва хамаи онхо забонхои он давлатонро аз Равшан ва Чамшуд безебтар харф мезананд ягон кас онхоро дар телвизр ва радиё мазох намекунад русхо на моро балки худашонро дар замин зада истодаанд инро хамчун забондони чор забони шинохтаи чахон мегуям(Руси,Англиси,Фронсои,Араби.) ман худ аз кухистон хастам! мо дар аэропорт ва жд вагзал точикони ба Русия меомадагиро охирин 100рулашонро мегирему баъд ба Русия равон мекунем бечорахо аз кучо доранд? ва мо дар Русия хак дорем ки чихеле хохем хамон хел гардем барои онки мо дар ин ватан хун додаем Ягон руси Душанбе бо забони точики мисли Чамшудхам гап занад мо рози ё ки дигар милатхое ки да Точикистони мо зиндаги мекунанд мо онхоро дар телевизион ё дар рох мазхара намекунем ку? барое ки онхо пул доранд!!!Дар русия Негрхо шакаладний заетцу, Арабхо шейх мечта бландинку мегуянд Дар Аврупо русхоро халки пастарин мешуморанд дар асл хамин хел хаст, ки давлатдорони русия хотири гостербайтерхоро не, хотири 8-хазор точики шахрванди русияро намедонанд ва ин барномаро махкам намекунанд мо инро аз сари вакт бояд пешгири мекардем дар наша раша ва яецо судбы аз Средний Азия хам мегуфтанд хозир як филми наве ба навор мебарояд ки АХМАД аз Точикистон ном дорад. Бародарон дар дил нагиред ХАР ШОМ КИ ОЯД ЗИ ПАИ ОН САХАРЕ ХАСТ! Ном: Чамшед аз: Маскав Посух 15.02.2010 18:45 Чаноби Джамшуд, хуб мешуд аввал худ русиро дурусттар меомухтед, баъд ин, ки Шуморо хеч кас мачбур накардааст то ба точики бечора дар кучахо назар кунед, агар хазар доред айнаки сиёх пушед ва метавонед шахрвандии Русияро кабул намоед. Кучо будед то дар замонаш ба ягон руси ба Точикистон меомада забони точики меомухтед? Офарин ба Шумо, ки хатто номи худро бо фарханги руси иброз медоред! Ном: Daler аз: Olmon Посух 15.02.2010 16:12 Charo javobi man, ba barodar Nurro nashr namekuned ? On joj fakat hakikat navishta shuda bud, man kasero tahkir nakardam. Shoyad ba barodar Jamshud niz kame Ravshani meandoht ! Ном: Farhod аз: TJK Посух 15.02.2010 17:12 SALOM. boyad dar in kor mo (TJK) piruz shavem to TV digar davlatho bifahman ki TJK sohibi hurmat va izzat ast. va agar maglub shavem baromun mimbad shoyad az inda badtar shavad,, tashakkurrrrrrrr. Ном: Delovar sho аз: Xorug Посух 15.02.2010 17:14 man hamchun shahrvande Tojikiston az enxel baronomaho zedde mellate azizam dar xashmam va az muhojeron Tojik seposguzoram ke en eqdome xubro baroe sofu pok negohdoshtane mellatamon dar pesh gereftand.Mo mellate Tojik buzurg budem va buzurg hastem va buzurg bo obru xohem mond vale dar hole ke mesle mo muhojeron tamome mellate Tojik dar hamchun korhoe manfeatbaxsh baroe mellat bo mo kumake xudro dareg nadorand.Man az fursat estefoda burda az tamome mellat bexusus mardume bosavode Tojik mexoham dar har joe boshand bar alaihe hamchun barnomahoe tahqeromez ovoze xudro baland namoyand.Tashakur baroe raes va kormandone muhojeron Tojik.Muvaffaqeyahoro baroe shumo orzu doram va chande metavonam az eqdome peshgereftae shumo azezon dastgere menamoyam va albatara sahme nocheze xudro dar hamen samt dareg naxoham namud. Ном: Мавзуна аз: Шахринав Посух 15.02.2010 18:08 Барордари азиз, Каромат Шарипов ман бисёр мехохам ки дар ин кори пешгирифтатон муваффак шавед, зеро бисёри мо ин барномаро бад мебинем. Лекин аз як чиз дар ташвишам, оё Шумо то охир бо чунин бовари ба пеш харакат мекунед ё ...? Чун вазорати корхои хоричиву сафоратхонаи Точикистон дар Русия ба бастани ин баронома муваффак нашуданд аз он метарсам, ки рухафтода шуда аз кори пешгирифтаатон даст мекашед.Худо он боварие, ки дореду медонед, ки ба максади худ мерасед хеч гох дар Шумо кам нашавад ва ба максадатон зудтар бирасед. Ном: zee аз: USA Посух 15.02.2010 18:45 Rahmati kalon ba hamin hel mardi Vatandust.mo yak guruh tojikoni mukimi Amriko borjhost ki bo mardumi rusu digar milatho dar in bora dast ba girebon meshavem,baroi onki onho bisyori vaktho moro jamshud menomidan hol onki rus hudash dar Amriko ahloti amrikoiro mepartoyad va zindagii tojikon dar in jo behtar ast nisbati rusho Ном: Firuz Chico аз: Istanbul Посух 15.02.2010 19:18 Muhtaram Sharifov Karomat, ba shumo duo guy hastem, Inshoolloh ba maksad merasem. In dar dili tamomi Tojikoni Vatandust yak darde kalone meboshad, va kase in programaro tuli solhoi daroz man karda natonisaant, sababro bale namedonam, ammo Inshoolloh az suhanhoi guftai shumo hlo ham hursand shudam. Bale, harjo demokrtaiya, va hukuki bashari insoni hast, kase hak nadorad "MILLAT" -i digarro past zanad, bale in az pastii va noodobi onhost, ammo boyad kase ba onho fahmonad, kase ba onho pesh baroyad ki MO BO PUSHTIBONEM, ammo ishki Vatan dar dili mo kam ast. Assalomu alaykum! Ном: Patriot аз: Russia Посух 15.02.2010 19:23 Мошалло Каромат Шарифов! Худо кувватат дихаду дар панохаш нигахдорат бошад. Иншоалло пирузу комёб мешави! Вакти он аст эй калам, Буррандатар гарди зи тег, Вакти он аст эй сухан, гуррандатар гарди зи барк! 17.02.10 10:03 - радио озоди
[email] [мир] Ном: Мухочир аз: шахри Перм Посух 15.02.2010 20:07 Боракаллох мо бо шумо хастем огои Каромат Шарипов. Ном: Сaъдулло аз: н.Ховалинг Посух 15.02.2010 21:05 мухтарам Каромат Шарипов ин масъаларо то охир бубаруд Худо хохад мувафак мешавед. Ном: Салохиддин аз: Красноярск Посух 15.02.2010 21:45 Ин корро бояд эхтиёткорона кард. Тавре кунед, ки ба точикони мукими Русия мушкилихои нав бунёд нашаванд. Аз кумаки хукукшиносхои варзидаю болаёкат истифода бурдан лозим, бе сару садоххои бехуда. Умуман, дар Русия, хатто, на танхо аз болои гайрирусхо ва русхои катори, балки аз болои сарони давлати худашон низ масхарахову латифахои безеб эчод мекунанду мо бошем меранчем. Ба хотир биёред сахначахои Г.Хазановро дар бораи Л.Брежневу ё ин ки Максим Галкинро дар бораи Елцину Путину Жириновский ва Лукашенко. Ном: Рашти аз: Маскав Посух 15.02.2010 22:12 Салом ба халки Точик! Албатта ман ки дар Маскав хастам аз бисёр чизхо вокифам ва инро гуфтаниям ки каромат Шарифов ягона шахсе хаст ки аз мо мухочирон пуштибони мекунад тамом худо накунаду коратон ба посолстваи Точикистон афтад ягон масъалаи мухочиронро хал намекунанд ба гайр аз пулкоркуни ва мо бояд ин шахси баору номуси миллатамонро дастгири кунем! Ба хамаи шумо ононе ки дар ватан хастед махсусан чавонон хаминро хамчун бародаро гуфтаниям ки ХОНЕД ва хеч гох фикри Русия рафтанро накунед сиёсати палиди русия аз аввал мукобили мо точикон буд ва хаст ва моро аз хама пешравихо махрум сохтанд махз русхо. Ба наздики дар маскав бо донишманди русе вохурдам ногахони ва бисёр тахрихи точиконро хуб медонист ва дар охири сухбат хаминро гуфт ки немисхо дар ЧБВ соли 1940-45 асирони точикро намекуштанд ва сар медодаанд ва рафт ва агар ин рост бошад барои чи мо намедонем? Сайти мухочирон" www.tajikmigrant.com Ном: Donishju аз: Donishgoh Посух 15.02.2010 23:09 Tashakkuri ziyod,ki in iqdomro pesh girifted. holo ham der nashuda ast. dar urfiyat meguyand,ki ,, Der oyadu SHer oyad''. intizori piruzi hastem. Ном: Беном Посух 15.02.2010 23:15 Tashakkuri ziyod,ki in iqdomro pesh girifted. holo ham der nashuda ast. dar urfiyat meguyand,ki ,, Der oyadu SHer oyad''. intizori piruzi hastem. Ном: Дарвеш аз: Масков Посух 16.02.2010 00:23 Рафтори " чанобон" ба мисли Шарифов ва Ко исботи инро дорад, ки мо хакикатан хам Равшану Джамшутем! Вагарна хохед, вагарна не! Вассалом! Ном: Салам Посух 16.02.2010 03:20 Рости гап, намехостам, ки дар ин мавзӯъ назари худро пешниҳод кунам, лекин шукр ва фахр мекунам, ки ТОҶИК ҳастам ва хомӯши низ дар ин ҷо, ба фикрам хуб нест. Ҳама ҷоро аз рекламаи ин барномаҳои ксенофоби пур кардаанд. Албатта, аз ин пули зиёд меруёнанд, вале барои пул шуда, масхара кардани на ин ки миллат, балки як нафар ҷиноят аст. Ин ҷинояткорон бояд ҷазо бинанд, вагарна дар сурати баста шудани ин барнома, барномаҳои дигари ба ҳамин монанд, метавонанд боз пайдо шаванд. Чизи дигари асосиро, ба ақидаи ман, бояд қайд кунам, ки сабаби асосии сар задани ин барномаҳои ксенофоби дар Русия, ин айби давлату давлатдорони мо ва натиҷаи сиёсати номукаммали ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия дар 20-25 соли охир мебошад. Чунки ҳуқуқи инсон дар ин давлатҳо аз ҳама зиёдтар поймол мешавад ва қонунҳои оддитарин риоя намешаванд. Ин натиҷаи бесаводи, надонистани забон ва тайёр набудани ҷавонони мо ба зиндагии берун аз ҷумҳурист. Бародаре ин ҷо дуруст фармудааст, ки раисони ҷумҳур дар мулоқотҳояшон, наход як маротиба ҳам аз чунин воқеа гап назада бошанд. Не бародар, онҳо "шарм медоранд", чунин масъалаҳои "майда-чуйдаро" ба миён гузоранд, чунки "бародари калони" меранҷад. Ба Худо қасам, ки ман ақаллан, як рӯз раисиҷумҳур мебудам, ба Путин занг зада, аввал ҳамин масъаларо ба миён мегузоштам ва дар сурати роҳи ҳалли худро наёфтани ин қазия аз чунин давлат тамоман руй метофтам ва ба ТДМ муроҷиат мекардам, ва ҳамватанони худро ба ватан бозпас мехондам. Ин шармандагист. Фақат, беномусон метавонанд, ба ин тоқат кунанд. Албатта, бе эҳсосот дар ин бора гуфтаю навишта намешавад. Чунин корҳо барои Русия оқибати бад дорад ва фикр накунанд, ки бе ҷазо мемонанд. Ном: salom аз: dushanbe Посух 16.02.2010 05:57 Salom, ehhh, in hama gaphoi durughu bofta, karochi PR meboshad. hami sozmonu jam'iyathoi tojikon dar Rusia yagon bor pushtibonii tojika dar aeroportho namekunad, tanho reisi az Tojikiston meomadagiro ham saxt taftish mekunan, wa ham masxaravu mazoq mekunan. wa hangomi tojik ba xona bargashtani meshava, bo xudi tojikora azobu mashaqat medihan, lekin yagon xel sozmonu jam'iyat baroi kumak nameoyad. az bidani chunin guruhho foidae nest. az Xudo tarsen avval !!! 17.02.10 10:05
|
|