Салими Аюбзод , Прага URL: http://aioubzod.wordpress.com/2009/08/24/%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%bc%d0 Email:
| “Дар Русия мардикорам, дар ватанам олигарх!” Шабакаи аввали телевизиони Русия бори дигар дар симои мардикорони мо Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва ин бор бахусус зани тоҷикро таҳқир ва тавҳин кард. Дар барномаи “Большая разнитса”, ки гуфта мешавад, беҳтарин намоишҳои Шабакаи аввали Русияро аз роҳи танз таблиғ мекунад, бо баҳонаи таблиғи шабакаи мусиқии “МТВ” таронае пахш шуд, ки аз номи мардикорони тоҷик суруда шуда, дар он аз шаҳри Душанбе ёд мешавад. Ва барои арзишёбии ин нақиза ба толори намоиш иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ дар ҳаҷвияҳои “Равшан ва Ҷамшут” Михаил Галустян ва Валерий Магдяш даъват шуданд. Ин тарона ба забони шикастаи русӣ садо дода, дар ҷараёни он на танҳо ду қаҳрамони манфии танзҳои таҳқиромези “Наша Раша” бо аъмоли аблаҳона, балки аввалин бор симои бонуи “рақсдӯстдор”-и тоҷик низ ба маърази масхара гузошта шудааст. Чеҳраи сабзинаи ин хонум оганда аз ғозаву пардози беш аз ҳад аст, лабонаш беш аз андоза ғафсу сурхидавонда ва нигоҳу ҳаракоташ саршор аз шаҳвату хоҳиш. Ҳар се чеҳраи одамони беақлу кундзеҳн ва содалавҳу сабукборро доранд. Маънии тарона — ташаккур аз Маскаву шаҳрдораш Лужков, ки ба онҳо кор додааст ва ҳарчанд онҳо дар Русия мардикоранд, ин мардикорӣ барояшон имкон додааст, ки дар ватанашон олигарх бошанд. Ҳама маъниҳои дигари тарона фаччу бемазза ва таҳқиромез. Ҳарчанд Галустян, ки шояд пас аз танқидҳои зиёд дар шабакаи ҷаҳонии интернет каме ба худ омадааст, дар ин намоиш гуфт, ки қаҳрамонони танзи онҳо ба мардум ё кишвари бахусусе рабт надошта, симои умумии муҳоҷирон дар Русияро ҳадаф қарор додааст, дар поёни тарона бонуи товуснигори раққос бо хатти кажжукилебе дар девор номи шаҳрро менависад — Душанбе. Албатта, намешавад танзро ҷиддӣ гирифт, вале ҳамон танз нек аст, агар бар ҳақиқат асос ёфта бошад. Дида нашудааст, ки дар деворҳои Русия муҳоҷирони тоҷик ҳарфе навишта бошанд. Баракс, бегонаситезони Русия ё иғвогароне дар ин деворҳо шиорҳои нафратангез менависанд. Аммо ин як унсури хурди нақизаи “Большая разнитса” аст. Агар дар гузашта таҳқири тоҷикон аз як шабакаи хурди ТНК пахш мешуд, ҳоло канали аввали давлати Русия илоҷе ёфта, онро ба тамоми кураи Замин паҳн кард. Ҳатман масъулияти шабакаи хурди маҳаллӣ ва канали аввали давлатӣ бояд фарқ дошта бошад. Намоиши “Равшан ва Ҷамшут” худ нақизаи як арманию як молдовӣ ба тоҷикон аст ва вақте ки намоиши нақизавии “Большая разнитса” ба он нақиза мебандад, монанди он ки манфӣ ҷамъи манфӣ мусбатро медиҳад, нақиза ба нақиза, табъан бояд ҳақиқатро диҳад ва “ҳақиқате”-ро, ки Шабакаи аввали телевизиони Русия додааст, барои тоҷикон хеле ва хеле дардовар ва таҳқиркунанда аст. Шубҳае нест, ки тоҷикон давраи сахтеро пушти сар мекунанд. Ҳазорон нафар маҷбуранд, ба сахтиҳои зиёд тоб оварда, дар Русия барои кӯдакони худ нон дарбиёранд. Аз он ҷо ки Русия меросабари Иттиҳоди Шӯравист ва ҳам дар ҷанги солҳои 1992-1997-и Тоҷикистон ва бесамарии талошҳои иқтисодии ин кишвар саҳм дорад, бояд вазъи тоҷиконро дарк кунад ва барои як муддати дигар муҳоҷирону мардикоронро таҳаммул намояд. Дар солҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ҳамин гуна ҳазорон нафар аз Русия ба Тоҷикистон муҳоҷир шуда буданд. Мардуми Тоҷикистон ба онҳо ҷойи зист дод ва нонашро бо онҳо ду ҳисса кард. На он вақт ва на даҳсолаҳо баъд дар Тоҷикистон касе пайдо нашуд, ба ин бадбахтии русҳо тамасхур занад. Магар забони тоҷикӣ ва расму одати маҳаллиро надонистани онҳо беҳтарин майдони танз шуда наметавонист? Оё майзадаҳои рус дар кӯчаҳои Душанбе наметавонистанд, қаҳрамонони танзи “Иван ва Питруха” шаванд? Аммо касе чунин накард. Тоҷикон ин шарафро доранд, ки ба бадбахтии касе хандиданро беадабӣ шуморанд. Хуб, афсӯс, дар Русия чунин афроди беномус пайдо шуданд, ҳоло чӣ? Пешниҳоди ман ин аст, ки ба ин сафҳа бояд рафт ва бо забони хеле муаддабона ва бе таҳқиру тавҳин ақидаи худро навишт. Махсусан, ки Шабакаи аввали телевизиони Русия, агар ин сафҳаро боз кунед, худ хоҳед дид, аз байни ҳамаи маводи намоиш маҳз ҳамин таҳқирномаро мояи худнамоӣ ва таблиғ қарор додааст. Агар мавҷи бузурги номаҳои мову Шумо ин сафҳаро ғарқ кунад, шояд ин афрод дафъаи оянда аввал андеша кунанд, сипас коре. |
|