Бесплатные гостевые книги MBook
1500 Mb + поддержка всех функций + бесплатный домен = 240 руб/мес!

Вернуться на сайт

Гостевая книга. Обсуждение проблем таджикской миграции


Добавить запись || Поиск || Правила

Всего сообщений: 296. Показано 10 сообщений с 287 по 296
Страницы:     [1] [2] [3] [4] [5] [6] [7] [8] [9] [10] [11] ... [30] >>

296 Имя: Эмомалӣ Раҳмон, пр 29 июня 2009г. в 12:58
Email: mailГород: Тоҷикистон?
"Ба ҳамаи онҳое, ки нияти зиёрати хонаи Худоро доранд, муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки маблағҳои барои ҳаҷҷи имсола нияткардаи худро бо дарназардошти шароити бӯҳронии замона сарф кунанд ва... барои кӯмак ба зарардидагони офатҳои табиӣ, ятимону маъюбон,   ... ё барои обод кардани ягон гӯшаи ватан харҷ кунанд".  
 
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон.
Комментарии посетителей:
 
  • Ferdavs [ Kofarnehon ]
    Salom hamvatanone azizam.
     
    Man dar murojeate president baroe on ke mablage hajro emsol hojeon dar korhoe xaire degar bepardozand yagon mushkele namebenam.
    Loken mushkele asose hamen ast ke presedente mo va atrofeone y chezero meguyand avval boyad xudashon amale ba mardum neshon dehand to mardum bo jonu del suxanhoshona qabul kunand.
    Xudo meguyad"charo onchero megued xudaton onro anjom namedehed".
    Man shaxsan amalro dust doram na suxanhoe sherenu zebo.  
     
    Sayti shumo   (www.tajmigrant.com)
    ogoi Karomat Sharipov  
    bisyor hurmano ast dar oyanda muafakiyat ba shumo!
    29.06.09 14:59
  • Мубориз [Душанбе]
    Ин кори хуб нест назар ба пули мардум андохтан.  
    Охир худ давлат аз тамоми дуне ердампули мегирад.  
    Акнун бонкхои умумичахони кам буд ки пули мардум монд кашола карда гирифтан!!!
    29.06.09 17:31
  • Занони Точикистони [email] [Москва]
    Каромат Шарипов шумо метавонед дар чопи сахифаи сайти мигрантхо маблаги ердам ба мусофирони точикистониро пешниход карда ва мо мехохем аз вай низ хулоса барорем.Мо як гурух занони точикстон дар соли 2007 бо ном ба вай шахсон ердами пули аз тарафи шумо шуда шинос шуда будем.Ин бисер хуб мешуд ки сафорати точикистон ва хочихои черкиз бозор лаганбардорони вазифадорон чи барои халки худ кардаанд.
    29.06.09 23:20

  • Комментировать
    295 Имя: Мубориз 29 июня 2009г. в 17:29
    Город: Душанбе
    Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ин ки сулҳу субот ва оромӣ халалдор нашавад, ибтидо ба бархе аз фармондеҳони худ гузашт кард, вале дар фурсати муносиб онҳоро ба ҳабс гирифт.
     
    Хануз чангсолори дар Точикистон ба поён нарасидааст ва хануз милисахову гаи-хои бесавод ман рафик камандир гуфта хуни мардумро мемаканд.  
    Амон аз дасти чангсолорон!!
    Комментировать
    294 Имя: Ольга Масюкевич 26 июня 2009г. в 19:58
    Email: l.grafovaГород: Москва
    Памятник гастарбайтерам поставят на одном из московских рынков
     
    В столице в ближайшее время планируется установить первый в мире памятник, посвященный ремонту и строительству. По словам представителей инициативной группы, в основе идеи проекта лежит жизнь эмигрантов и сезонных рабочих, трудящихся в Москве. Необходимость появления такого символа они объясняют тем, что рабочие-эмигранты "не только создают новый облик российской столицы, но и привносят уют и комфорт в дома и квартиры москвичей". Предполагается, что памятник расположится на территории рынка строительных материалов "Каширский двор", откуда традиционно начинается ремонт для большинства жителей столицы и Подмосковья.
     
    Напомним, что нечто похожее в столице уже есть. В начале 1920-х годов скульптор Иван Шадр, автор скульптур "Девушка с веслом" и "Булыжник - оружие пролетариата", построил памятник "Сезонному рабочему", который расположен в районе Красных ворот. В начале прошлого века там располагалась Биржа труда, куда приходили "сезонники" из окрестных подмосковных районов и дальних губерний.
    Комментировать
    293 Имя: Умид 18 июня 2009г. в 23:33
    Email:
     
    Кому: <tojikdiaspor@mail.ru>  
    Дата: 18 Июн 2009 18:06:52  
    Тема: Просьба!  
       
    Уважаемый Каромат Бакоевич!
    Ко мне обратился за помощью наш соотечественник - разнорабочий Шухрат с просьбой помочь вернуть его паспорт который отобрали у него 4 сотрудника в форме милиции 1-отдела ОВД г.Химки.Дело в том, что он верующий человек и носит бороду.Так как у него с документами все в порядке,они издевались над ним,называя его ваххабитом и собирались  там же отрезать ему бороду.Затем побив его,выгнали из отдела.На следующий день,когда он пришел  за паспортом,они сказали что в глаза не видели никакой паспорт. Если он чтото нарушил- его должны оштрафовать, если преступил закон-судить. Так почему же его просто отпустили,поиздевавшись над ним вдоволь?!  
    Каромат Бакоевич! Большая просьба -посоветуйте как быть в этой ситуации,так как без паспорта он долго не сможет находиться да и вообще выехать куда либо.  
    Я обращаюсь к Вам,так как имел честь быть лично принят Вами и познакомиться, для решения одной маленькой проблемы и по СМИ  очень хорошо осведомлен о Вашей благотворительной деятельности.
    Пользуясь случаем разрешите выразить Вашей организации свою признательность и благодарность!  
     
    С уважением,
     
    Умед Бобоматов  
     
     
    Комментарии посетителей:
     
  • Умид [email]
    Умид <b.umid@pravokonst.ru>     в  
    Кому: <tojikdiaspor@mail.ru>  
    Дата: 24 Июн 2009 17:25:01  
    Тема: Спасибо за оперативность!  
           
    Многоуважаемая команда Движения “ТАДЖИКСКИЕ ТРУДОВЫЕ МИГРАНТЫ”!
    Уважаемый Кароматулло Бакоевич!
     
    Я был удивлен и вместе с тем крайне рад тому, что всего сутки спустя после обращения к Вам за помощью в борьбе против милицейского произвола в Химках, я получил известие, что сотрудники вернули документы нашему соотечественнику и извинились!!! Увидев официальное письмо от Вашей организации, они забегали, как не знаю кто!  Есть значит сила, которая может противостоять беззаконию. Вообще-то, я и не сомневался в положительном исходе дела, за который Вы беретесь...Но чтобы так оперативно!  Дело в том, что кто-то может хорошо и красиво болтать, а кто-то просто делает свое дело хорошо...И не требует за это спасибо. Ваша организация- я убеждаюсь в этом лично уже не первый раз - делает ДЕЛО. Хорошее, нужное дело. Такая организация, как “ТАДЖИКСКИЕ ТРУДОВЫЕ МИГРАНТЫ” -есть истинное лицо Гражданского общества.  
    Кароматулло Бакоевич, спасибо Вам от всех тех, кому Вы помогли и будете помогать!
    Если будет необходима какая-либо помощь от меня- рад буду помочь.  
     
     
    С уважением,
     
    Умед Бобоматов  
    Менеджер Департамента сервисного
    обслуживания клиентов    
    ООО "ПРАВО-Конструкция"
    тел.  (495)-258-59-05, доб.131
    моб. 8(926)-356-84-61
    E-mail:  b.umid
                 boboumid
      http://www.pravokonst.ru/
     
     
     
    24.06.09 22:53

  • Комментировать
    292 Имя: Голос России 24 июня 2009г. в 13:03
    Email: lettersГород: Москва
    Представители Таджикистана и Турции победили на конкурсе чтецов Корана в Москве
     
    21.06.2009
    Представители Таджикистана и Турции победили на международном конкурсе чтецов Корана, прошедшем в воскресенье в Москве. Он был организован Советом муфтиев России. В конкурсе приняли участие представители более тридцати стран. Первое место в номинации "Чтение Корана наизусть" занял Сиратулло Раупов из Таджикистана, второе — Мухаммад Лахсен Уали из Марокко и третье Эль-Мустафа Оулд Мохаммад Йеслем из Мавритании. Победителем в номинации "Чтение Корана с листа" стал турок Бунямин Топчуоглу , второе место занял Ясир Исмарин из Алжира, третье — Азраие бин Абдул Хак из Малайзии. Глава Совета муфтиев России Равиль Гайнутдин поздравил победителей и поблагодарил всех принявших участие в конкурсе. Многие из конкурсантов, впервые приехав в Россию, могли убедиться, что власти не чинят мусульманам никаких преград, отметил муфтий.
    Комментировать
    291 Имя: Умеди Ҷайҳонӣ 21 июня 2009г. в 13:07
    Город: Душанбе
    Баррасии масоили муҳоҷирзанони тоҷик дар Русия
       
    Намояндагони созмонҳои шаҳрвандӣ ва давлатии Тоҷикистон ва Русия дар як мизи гирд дар Маскав муҳоҷирати занони тоҷик ба Русияро баррасӣ карданд.
     
    Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони “Дурнамо+”, гуфт, мақсади аслии ин нишаст омӯзиши мушкилоти занҳои муҳоҷир аз Тоҷикистон аст, чунки солҳои ахир шумораи онҳо хеле зиёд шудааст ва мушкилоти бисёре ба вуҷуд омадааст.  
     
    Хонум Бобоназарова аз нақзи ҳуқуқи инсонӣ ва коргарии занони муҳоҷир изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, бештари муҳоҷирзанон дар Русия камарзиштарин корҳоро анҷом медиҳанд.  
     
    Вай афзуд, “аслан занҳое меоянд, ки худро ҳимоя карда наметавонанд. Вақте ки аз ин ҷо мераванд, он мардҳое, ки дар ин ҷо бо онҳо зиндагӣ мекарданд, ба онҳо алимент намедиҳанд”.
     
    Коршиносони маркази “Муҳоҷират ва қонун”   (Бунёди “Тоҷикистон”) мегӯянд, ки дар панҷ моҳи соли равон беш аз 100 мавриди бадрафтории корфармоён бо занҳои муҳоҷирро баррасӣ кардаанд. Аз он ҷумла корфармоён музди кори беш аз 40 занро пардохт накардаанд ва 7 нафар зану духтарро дар як коргоҳи дӯзандагӣ ғуломвор кор мефамудаанд.  
     
    Бо таваҷҷӯҳ ба ин маворид, ширкаткунандагони ин мизи гирд қарор доданд як созмони мардумниҳод барои пуштибонӣ аз ҳуқуқи занони муҳоҷир таъсис диҳанд.
     
    Дар ин нишаст, ки бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода» баргузор шуд, намояндагони созмонҳои мардумӣ ва ниҳодҳои кишварии тоҷикӣ, аз ҷумла созмони “Дурнамо+”, Иттиҳодияи ҳуқуқдонони зани Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон, Кумитаи занон ва хонавода дар ҳукумати Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва созмонҳову ниҳодҳои русӣ, аз ҷумла Бунёди “Тоҷикистон”, созмонҳои муҳоҷирони тоҷики Маскав, Калининград ва Тотористон ва Хадамоти муҳоҷиратии Русия ширкат карданд.
     
    Натиҷаи нишасти коршиносон тасвиби чанд тавсия буд, ки барои баррасӣ ва арзёбӣ ба созмонҳо ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва Русия пешниҳод хоҳанд шуд. Чунончӣ пешниҳод шуд, ки марказҳое барои ёрирасонӣ дар умури ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва башарӣ таъсис дода шаванд ва омори муҳоҷирати занон дар як марказ ё ниҳод гирдоварӣ ва таҳлилу баррасӣ шавад.  
     
    Коршиносон умедворанд, ки амалисозии ин пешниҳодҳо барои танзими муҳоҷрати занон, беҳбуди вазъи занони муҳоҷир ва пуштибонӣ аз ҳуқуқи модар ва кӯдак дар Русия мусоидат хоҳад кард.
    Комментировать
    290 Имя: студент 17 июня 2009г. в 22:41
    Город: Душанбе
    Марги фоҷиавии Муҳаммадназар Солеҳов  
     
    17.06.2009  
    Собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон Муҳаммадназар Солеҳов шоми 17-уми июн дар манзилаш дар Душанбе ба ҳалокат расид.
     
    Дар ибтидо овозае паҳн шуд, ки гӯё ӯ дар хонааш бо истифода аз туфангча худкушӣ кардааст. Тақрибан соати нӯҳи шоми 17-уми июн аз манзили ӯ садои навҳаи ҳамсар ва наздиконаш баланд шудааст.
     
    Аммо, Худойназар, писари 12-солаи Солеҳов, дар гуфтугӯи телефонӣ ба радиои "Озодӣ" иттилоъ дод, ки гурӯҳи афроди ношинос бо дашному таҳдид ба манзили ӯ ворид шуда, Муҳаммадназар Солеҳовро парондаанд. Худойназар кӣ будани ин афродро намедонад.
     
    Ҳақиқати ин суханони писари Солеҳовро манбаъҳои мустақил ҳанӯз тасдиқ  накардаанд.
     
    Муҳаммадназар Солеҳов тӯли чандин сол дар мақомҳои додситони кули Тоҷикистон, раиси додгоҳи Қонуни асосӣ, муовини вазири корҳои дохилӣ, вазири умури дохилӣ ва ду навбат раҳбари дастгоҳи иҷроя ё маъмурияти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буд ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз ва калидӣ дар ҳукумати Раҳмон ба шумор мерафт.
     
    Cолеҳов аввали имсол аз мақоми вазири умури дохилии Тоҷикистон барканор шуд ва дар атрофи ин истеъфо ҳадсу гумонҳои гуногун паҳн гашта буд. 14-апрели соли равон бародари ӯ, Тағойназар Солеҳов бо иттиҳоми ҷиноятҳои сангин боздошт шуд ва гуфта мешавад, ҳабси ӯ замоне мумкин гардид, ки Муҳаммадназар Солеҳов аз вазифааш рафт.
     
    Бино ба маълумоти Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноии Тағойназар Солеҳов, ки аз 2 ҷилди беш аз 600 саҳифагӣ иборат аст, 10 сол пеш аз ин, боз шуда, вай аз ҷумла дар куштор ва нигаҳдошти ғайриқонунии силоҳ айбдор мешавад. Тағойназар Солеҳов 56 сол дорад ва то боздошт шуданаш масъулияти раҳбарии терминали гумруки шаҳри Душанберо бар ӯҳда дошт.
    Комментарии посетителей:
     
  • студент [Душанбе]
    Норавшаниҳои марги собиқ вазири умури дохилӣ  
     
    Муҳаммадназар Солеҳов, вазири собиқи корҳои дохилии Тоҷикистон, 20-уми июли соли 2008  
    18.06.2009  
    Абдуқаюми Қаюмзод
    Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як баёния ҳалокати вазири собиқ Муҳаммадназар Солеҳовро худкушӣ эълон кард.
     
    Аммо пайвандони Солеҳов мегӯянд, ӯ аз сӯи афрод, ки гуфта мешавад барои боздошташ вориди ин манзил шудаанд, ба қатл расидааст.
     
    Ба ҳар шакле ки бошад, ин хабар ҷомеаи кишварро бо пурсише рӯбарӯ кардааст, ки чаро шахсе, ки болотарин мансабҳои давлатиро ба зимма дошт, бо чунин шева худро куштааст ва аз тарафи дигар чаро гурӯҳе, ки мебоист ӯро боздошт мекард, чунин имкониятро барои вай додааст.
     
    Афзун бар ин чаро нафаре, ки аз замони ташаккули ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳаш буд, ба якборагӣ аз вазоифи давлатӣ барканор ва ба сифати як гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳо шинохта шавад.
     
    Дар изҳороти муштараки Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон ҳодисаи куштори Солеҳов амали худкушӣ унвон шудааст.
     
    Дар ин баёния таъкид мешавад, «Муҳаммадназар Солеҳов, ки ба даст доштан дар ҷиноятҳои хидматӣ муттаҳам мешуд, чандин дафъа расман барои бозпурсӣ ба ниҳодҳои тафтишотӣ даъват шуда буд, вале ӯ ин даъватҳоро сарфи назар кард. Ва ба ин далел рӯзи 17 июн додситони кулли Тоҷикистон дастур дар бораи боздошт ва ҳабси ӯро содир кард, ки ба ҳангоми татбиқи қарор Солеҳов бо истифода аз туфангча худро ба ҳалокат расонд».  
     
    Аммо хонуми Муҳаммадназар Солеҳов куштори шавҳари худро кори дасти афроди маъмур барои боздошти ӯ хонд. Вай гуфт, ки шавҳари ӯро бо зарби тир куштанд ва барои даъвати кӯмаки фаврии тиббӣ низ шитоб накарданд.
     
    Дар баёнияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон куштори Олег Захарченко дар Ғарм, гирдиҳамоиҳои маркази Бадахшони кӯҳӣ ва амалиёти боздошти Сӯҳроб Лангариев дар шаҳри Кӯлоб, ки ҳамагӣ дар соли гузашта, яъне дар замони роҳбарии Солеҳов дар Вазорати умури дохилӣ рух дод, аз ҳаводисе ёд карда мешавад, ки мебоист Солеҳов дар бораи онҳо ба мақомоти тафтиш маълумот медод.
     
    Гузашта аз ин бо ишораҳое ошкоро Солеҳов дар пӯшонидани ҷиноятҳои содиршуда аз сӯи кормандони ин вазорат низ муттаҳам мешавад.
     
    Ва овозаҳое дар бораи талошҳои барқасдонаи бесубот ва ноамн сохтани авзои дохилӣ аз сӯи Солеҳов дар ҷомеа низ муддатҳост давр мезаданд ва бархе аз нашрияҳои берунӣ ва махсусан русӣ пиромуни ғаразҳои сиёсии Солеҳов матолиб мунташир карда, ӯро аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ муаррифӣ мекарданд.
     
    Бидуни кадом огаҳии қаблӣ ва дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки охири моҳи январ баъди натиҷагирии як соли кори ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти кишвар барканор шудани танҳо Маҳмадназар Солеҳов, вазири корҳои дохилии вақт, аз сӯи президент ба оташи ин овозаҳо равғани бештар рехт.
     
    Ба ҳар сурат бештари коршиносони тоҷик ҳозир нашуданд дар ин бора сӯҳбат кунанд.
     
    Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, ки ба таври хеле кӯтоҳ гуфт, ки ангезаи ин кушторро дар фасод ва фасодкорӣ дар мақомоти болоиии ҳукмат бояд ҷуст.
     
    Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ, мегӯяд, дар воқеъ худкушӣ ва ё куштори як чунин нафари чанде пештар мӯътабар ва калидӣ дар ҳукумати Тоҷикистон боиси тааҷҷуб аст. Вай афзуд, шояд ӯ ба хотири ҷилавгирӣ аз ифшои аъмоли худ даст ба чунин кор задааст.
     
    Нуктае дигар, ки ҳоло боиси сарусадоҳо шудааст, шеваи боздошти Маҳмадназар Солеҳов аз сӯи гурӯҳи фаврист, ки мебоист дастури додситонии куллро бидуни таъхир иҷро мекард.
     
    Муҳибулло Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагон, ки собиқаи тӯлонии фаъолият дар мақомоти тафтишотиро дорад, дар мавриди қазияи Солеҳов нахост сӯҳбат кунад.
     
    Вай гуфт, ин кори тафтишот аст, ки Солеҳов худкушӣ кардааст ва ё кушта шудааст. Аммо ба ҳангоми татбиқи қарори боздошт ва ҳабси пешакӣ қонун барои ҳеҷ кас гузаштеро пешбинӣ намекунад ва ҳамзамон бо рӯбарӯ шудан бо нафари мавриди назар ба дасти ӯ бояд завлона зад.
     
    Бо ин ҳама ҳодисаи куштор ё худкушии вазири пешини дохила дар ҳукумати Тоҷикистон як амали бесобиқа арзёбӣ мешавад.
     
    То кунун чандин нафар аз вазирони ё мансабдорони сатҳҳои мухталиф ва генералҳои артиши Тоҷикистон мавриди боздошт ва маҳкумият қарор гирифтанд ва ё ҳам аз сӯи гурӯҳҳое мусаллаҳ кушта шуданд. Вале ҳеҷ яке аз онҳо фурсат ва ҷасорат барои худкушӣ ё муқовиматро надоштааст.
    18.06.09 19:53
  • Носирҷони Маъмурзода [Душанбе]
    Расми сокити дафни Солеҳов
     
    Ҷасади собиқ вазири корҳои дохилӣ Муҳаммадназар Солеҳов дар яке аз қабристонҳои Сарбанд ба хок супурда шуд  
     
     
    Муҳаммадназар Солеҳов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, субҳи 18-уми июн дар зодгоҳаш – шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дафн шуд.
     
    Ин дафн бе эьлон ва ҷамьомади аҳолӣ баргузор гашт.
     
    Нафаре аз пайвандони Солеҳов ва ҳатто бошандагони атрофи маҳалли сукунати хешовандони вай дар шаҳри Сарбанд ҳозир нашуданд,  
    ...шояд ширкат накардани онон ба нишони эътироз аз ҷиноятҳоест, ки ба вазири соби қи корҳои дохилӣ марбут медонанд...бо Радиои Озодӣ сӯҳбат бикунанд.
     
    Хабари марги Муҳаммадназар Солеҳов ба назар чунин мерасад, ки он ё то ба гӯши сокинони маҳаллӣ дуруст нарасидааст ё таваҷҷӯҳбаранез набудааст, ки кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Сарбанд сокит, нафаре ба назар намерасид, ки дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунад.
     
    Ҳеҷ корманди мақомоти умури дохилӣ дар кӯчаҳо дида намешавад, яъне эҳсос намешавад, ки мақомоти зидахл вобаста ба маросими дафни яке аз чеҳраҳои саршиноси кишвар аз тадобири махсуси амниятӣ кор гирифта бошанд.
     
    Дар расми дафни Солеҳов, тибқи иттилои расида, ҳеҷ як мақоми баландпояи ҷумҳурӣ ва ҳатто ҳукумати вилояти Хатлон ширкат накардаанд. Ҳарчанд интизор мерафт, ҳадди ақалл вазири феълии корҳои дохилӣ дар ин маърака иштирок ва суханронӣ мекунад.  
     
    Дафни Солеҳов ба ҳадде орому сокит ва бидуни сарусадо баргузор шудааст, ки ҳатто милисаҳои посбони нерӯгоҳи Сарбанд, ки дар рӯ ба рӯйи мазор воқеъ аст, дафни вазири собиқи худ бехабар мондаанд.  
     
    Дар ҳамин ҳол, сиёсатшиносони маҳаллӣ мегӯянд, сарфи назар аз сарусадоҳо ва иттиҳомоте, ки алайҳи вазири собиқи корҳои дохилӣ эълон шудааст, аз нуктаи назари ахлоқи сиёсӣ мебоист намояндагони ҳукумат дар маросими дафн ширкат мекарданд. Сиёсатшинос  
     
    Азимҷон Ваҳҳобов мегӯяд: «Аз назари ахлоқи сиёсӣ бояд мақомоти баландпояи ҳукумат дар маросими дафни Солеҳов ширкат меҷустанд. Аммо аз нигоҳи дигар, шояд ширкат наварзидани онон ба нишони эътироз аз он ҷиноятҳоест, ки ба вазири собиқи корҳои дохилӣ марбут медонанд. Шояд баъзе мақомот нахостанд, аз хатти барояшон кашидашуда берун шаванд…»
     
    Ваҳҳобов меафзояд, Муҳаммадназар Солеҳов ягона мансабдори зодаи Хатлон нест, ки дар гузашта аз афроди наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон маҳсуб гардида, аммо баъдан даст доштани вай дар ҷиноятҳои мухталиф ошкор гардидааст.
     
    Вай мегӯяд, дар ин авохир мавридҳои кашфи ҷинояткориҳои вазирону раисони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон зиёд ба назар мерасад, ки боиси як андоза коҳиш ёфтани нуфузи мақомот ва мизони эътимод ба он гаштааст.
    18.06.09 20:26

  • Комментировать
    289 Имя: ТАДЖИКСКАЯ ДИАСПОРА 15 июня 2009г. в 22:05
    Город: Москва
    ТАДЖИКСКАЯ ДИАСПОРА  
     
     
    Гуманитарный Фонд "Таджикистан"
    Общественная организация НУР  
    тел. 257-4005
     
    Фонд Кароматулло Шарипова  
    "Таджик-диаспора"
     
    Гостевой дом посольства Таджикистан 125047 Москва, Тверская-Ямская 2-я ул. 40/3, стр.1
     
     
     
    http://www.avesta.tj/area/50.html  
     
     
     
    В России выходцев из Средней Азии используют "по-черному"  
     
    Марина Огородникова  
     
    "Столица" таджиков в Москве - Черкизовский рынок - так в шутку говорят про себя граждане этой среднеазиатской страны, приезжающие в столицу на заработки. Летом здесь, а также на соседнем, Измайловском, рынке трудятся до 20 тысяч таджиков. Своих земляков, "дослужившихся"до продавцов, они считают более привилегированными. Эти люди снимают квартиры. У них есть законная регистрация. Основная же масса занята на мелких грузоперевозках. Живут эти люди тут же, в едва приспособленных помещениях.
     
    Эти люди, годами работающие на рынках, вряд ли покажут вам, где находится Красная площадь. Они не могут покинуть "свою" территорию из-за боязни попасть в милицию или быть депортированным на родину. Большинство не владеют даже русским языком.
     
    Говорят, что нишу грузчиков на московских рынках оспаривали представители разных диаспор из бывших советских республик, но в итоге "конкуренцию" выдержали только таджики. Таскать на тележке   (которую здесь на восточный манер называют "арбой") целыми днями грузы - работа не из легких. "Непьющие, терпеливые", - так характеризуют таджикских гастарбайтеров оптовые покупатели, приезжающие из разных городов. Заработки полностью зависят от их проворности и выносливости. Были случаи, когда самые мобильные зарабатывали в месяц до 1500 долларов. В среднем же месячный доход работников "арбы" составляет 500 долларов. Но из этих денег приходится часть отдавать в "фонд милиции", чтобы избежать пристрастных проверок на территории рынка, "похоронные"   (что-то вроде кассы взаимопомощи на случай смерти кого-то из земляков). Помимо этого есть и ежедневная такса за пользование "арбой" - 70 рублей и 40 за койку в помещении чуланного типа. Основную часть своего заработка приезжие отправляют в Таджикистан.
     
    Администрации упомянутых рынков прекрасно знают, что тут проживают тысячи гастарбайтеров, находящихся в России нелегально. Их позиция такова: мы вам создаем минимальные условия для проживания, вы - хорошо работаете, и чтобы никакого криминала! Руководитель службы безопасности одной из управляющих компаний рассказал "Новым Известиям", что его фирма постоянно контролирует обстановку в помещениях, где живут таджики. "Мы держим собак, которые обучены искать наркотики, оружие. Пока ничего запретного не находили". Сами грузчики - народ нетребовательный - считают свои условия сносными. Ночевать есть где, на территории рынка существует помывочная - душевые кабины, которыми они могут пользоваться. Дважды в год их обязывают проходить медосмотр.
     
    По данным медиков, не менее 3% выходцев из Таджикистана, работающих в России, больны сифилисом, туберкулезом, ВИЧ-инфекцией. Работа на износ в дальнейшем сказывается на состоянии здоровья. Многие доживают лишь до 45-50 лет.
     
    Ахрор, 25 лет: "Я продавец Измайловского рынка, снимаю с друзьями комнату в общежитии, у меня есть временная регистрация. До дома езжу на маршрутке. Триста метров, которые мне ежедневно приходится идти от рынка до остановки, самые трудные. Там всегда дежурит милиция. Увозят в отделение, даже не взглянув на документы"
     
    Аслам, 33 года, также работает продавцом на рынке. Несмотря на то что все его документы в порядке, периодически попадает в милицию. "Обычно мне говорят: пятьсот рублей - и ты свободен", - рассказывает он. Недавно на глазах Аслама забрали в милицию молодую таджикскую пару с ребенком - прямо от детской поликлиники, куда те шли на прием. Никакие объяснения, что ребенок болен, не помогли.
     
    Подобных историй у мигрантов - тысячи. "Если мы хотим, чтобы гастарбайтеры регистрировались, как того требует закон, - сказала заведующая приемной правозащитной организации "Гражданское содействие" Елена Буртина, - то надо упростить порядок регистрации. Ведь въезжают-то они в Россию легально!"
     
    Однако официально обозначить свое пребывание в России мигранты не могут. И, как следствие, вынуждены безвылазно жить, как в резервации, на территории рынков. Нередко обманывают работодатели, отказываясь выплачивать месяцами заработную плату. "Я ежедневно езжу по отделениям милиции, по судам - вытаскиваю своих земляков, слышу их бесконечные истории о поборах, несправедливом отношении, - говорит лидер общественной организации "Народная лига "Таджики" Каромат Шарипов. - Так больше продолжаться не может"  
     
    В ближайшие месяцы главы таджикской диаспоры решили провести в Москве "Съезд таджикского народа".  
    Комментировать
    288 Имя: Хиромон 15 июня 2009г. в 21:40
    Город: Москва
    Нет принуждения в религии! Верный путь очевидно и явно отличается от заблуждения. Кто не верует в Сатану, а верует в Бога, тот ухватился за надежное, оно не оборвется   (не подведет). Всевышний Аллах абсолютно все слышит и обо всем знает. 2:256
    Комментировать
    287 Имя: Хиромон Бақозода 11 июня 2009г. в 23:38
    Город: Москва
    Чаро донишҷӯёни тоҷик эътироз карданд?  
     
    Онҳо изҳори ташвиш мекунанд, ки муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Русия қурбонии хушунат мешаванд.
     
    РӮЙДОДҲОИ ТАКОНДИҲАНДА
     
    Хуршеда Султонова, Салоҳиддин Азизов аз Тоҷикистон, Тимур Качарава аз Гурҷистон, Майга Абӯбакар, Эпасак Роллан Франс аз Африқо, Артур Сардаряни арманитабори Русия ва боз даҳҳо нафар ба хотири дигар будани ранги мӯю пӯст, забон, фарҳанг ва шояд, танҳо ба хотири дигар буданашон кушта шуданд.
     
    Ин нафарон қурбони ҳамлаҳои онҳое шуданд, ки дар забони фаъолони ҳуқуқи башар ҳамчун "гурӯҳҳои миллатгаро", "бегонаситез", "нажодпараст" ва дар забони аксар мақомоти ҳифзи қонуни Русия чун "авбош" ёд мешаванд.
     
    Шумори ингуна ҳодисаҳои қатлу куштори муҳоҷирону коргарони кирояи хориҷӣ дар ин кишвар ҳар сол ба даҳҳо адад баробар мешавад.  
     
    Танҳо дар панҷ моли соли ҷорӣ аз рӯи арзёбиҳои маркази таҳлилии "Сова", як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар Русия, 30 нафар аз дасти гурӯҳҳои миллатгаро кушта шуда 117 нафар мавриди ҳамлаи ингуна гурӯҳҳо қарор гирифтанд.  
     
    Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, домани фаъолияти созмонҳои нажодпараст дар Русия фарох мешавад ва баробар бо ин, рӯҳияи бегонаситезӣ дар зеҳни қишрҳои мухталифи ҷомеа ҳарчи бештар ҷо мешавад. Бо эътироз аз ин гурӯҳи хурди донишҷӯёни тоҷик дар Лондон рӯзи чоршанбе, 10 июн дар муқобили сафорати Федератсияи Русия раҳпаймоӣ карданд.
     
    РАҲПАЙМОИИ "САФЕДҶОМАГОН"
     
    Онҳо ба раҳгузарон ҳамчун рамзи "адолат ва озодӣ" куртаҳои сафед ва варақаҳои иттилоотӣ медоданд, ки роҷеъ ба мизони баланди бегонаситезӣ дар ҷомеаи Русия изҳори нигаронӣ мекунанд.  
     
    "Натсиҳои навбаромадро дар Русия боздоред! Фашизмро қатъ кунед!
     
    Ин садои гурӯҳи беш аз 30-нафараи донишҷӯёни тоҷики муҳассили донишгоҳҳои Лондон аст, ки дар муқобиси сафорати Русия намоиши эътирозии худро доир мекунанд.  
     
    Дар муроҷиатномаи ин донишҷӯён таваҷҷӯҳ ба "вазъи ғайри қобили қабули" бархӯрд бо муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия даъват мешавад. Зуҳуршо Раҳматуллоев, яке аз фаъолони ин гурӯҳи ташаббускори намоиши эътирозӣ аз маҳалли ҳодиса бо мо сӯҳбат кард:
     
     
     
    "Мо барои он ба майдон баромадем, ки ба андозаи нерӯи худ аз ҳуқуқ ва шаъни тоҷикон дар Русия дифоъ кунем. Ба мақомот ва мардуми Русия расонем, ки набояд дар муқобили инсонбадбинӣ ва нажодпарастӣ, ки дар ниҳояти амр зидди худи онҳост, хомӯш ва беамал биншинанд."
     
    Дар муроҷиатномаи донишҷӯёни тоҷик ба сафири Русия дар Бритониё бо ишора ба густариши домани фаъолияти гурӯҳҳои неонатсистӣ дар ҷомеаи Русия гуфта мешавад, ки дарки зеҳнияти одамоне, ки ба хотири "ҳифзи вижагиҳои миллии худ" ба "идеологияи фашистӣ гузашт" мекунанд, ғайримумкин аст.
     
    ТАЛАБҲОИ ТАЗОҲУРКУНАНДАГОН
     
    Эраҷ Саодатсайров, як муҳассили 31-солаи донишгоҳи омӯзгории шаҳри Лондон ва аз ширкатдорони дигари намоиши эътирозии донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар сӯҳбат бо "Ояндасоз" гуфт, онҳо се талаб назди сафорати Русия дар Лондон ҷамъ омадаанд:
     
    "Талабҳои мо се бахш аст. Якум, талаб мекунем, инсонҳое, ки вориди Русия мешаванд, бояд ҳуқуқи ворид шудани онҳоро таҳким диҳанд. Яъне вақте онҳо вориди Русия шуданд, бояд баробари ҳамаи инсонҳо ҳуқуқ дошта бошанд, бехатарии онҳо таъмин бошад. Дуюм, баланд бардоштани назорат аз тарафи ҳифзи ҳуқуқ ва савум, назорат бар он ки онҳо дар кадом шароит зиндагӣ мекунанд. Чӣ хеле ки дар кишварҳои дигар аст. Мо чизеро талаб намекунем, ки Русия тавони иҷрояшро надошта бошад, мо чизеро талаб мекунем, ки Русия худ хоҳони он аст."
     
    Дар варақаҳои эътирозии донишҷӯён, ки дастраси радиои Озодӣ низ шуд, аз зуҳуроти бегонасистезӣ ҳамчун як "марази иҷтимоӣ" ёд мешавад, ки "бемонеа дар миёни сокинони қатории Русия" реша медавонад ва ин мардум бо сукут ва беамалии худ ҳодисаҳои ҳамлаву куштори муҳоҷирону коргарони хориҷиҳоро иҷоза медиҳанд.
     
    Донишҷӯёни тоҷик аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки дар Русия муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар баробари "беҳуқуқӣ, хушунат ва таъқиби гурӯҳҳои неонатсистҳо, кордиҳандаҳову милиса" шадидан заъфпазир шудаанд.
     
    Донишҷӯёни тоҷикистонӣ мегӯянд, ки ҳадафи онҳо танқиди низоми давлатдории Русия нест. Тақозои онҳо ин аст, ки ҷиноятҳои марбут ба ихтилофҳои милливу нажодӣ мавриди тафтишу таҳқиқи мӯшикофона қарор дода шуда қонунҳои мавҷуда нисбати ин навъи ҷиноятҳо шадидтар шавад.  
     
    Ин нахустин намоиши эътирозии донишҷӯёни тоҷик дар як кишвари ғарб}
    Комментарии посетителей:
     
  • Студент аз РОСНО [email] [Москва]
    Аз барои худо Хиромон апа шумо наход нафахмида бошед ки дар гирди хамои нишастагони Лондон(Сафорати Руссия) аз студентхо кихо буданд. Онхо кудакони вазиру раисхои давлати Точикистон мебошанд ва ба гуфтахои чанде аз онхо Зарифи ташкилкунандаи ин ходиса аст.Ман низ ба онхо бовари дорам пас   бо чанд нафари вайхо хамсухбат шудан   .Чаро дар Москов студентхо дар назди сафорати Точикистон сар чамъ намешаванд ин ба хамаи мо маълум аст ин тарс харос ва кисми зиеди онхо аз квотахои давлати истифода бурдаанд ва дар гуломии худ  студентхои мо дар Руссия пура тан додаанд.Е ман нодуруст мегуям. Ба фикрам ман шумо низ манро хуб фахмидед.
    13.06.09 12:41
  • Хиромон [Москва]
    Передают со слов Ибн Умара, да будет доволен Аллах ими обоими, что посланник Аллаха, да благословит его Аллах и да приветствует, сказал: Мусульманин мусульманину брат, и он   (не должен) ни притеснять, ни предавать его. Тому, кто   (поможет) своему брату в нужде его, Аллах   (поможет) в его собственной нужде, того, кто избавит мусульманина от печали, Аллах избавит от одной из печалей Дня воскресения, а того, кто покроет мусульманина, Аллах покроет в День воскресения.   (Аль-Бухари; Муслим)
    14.06.09 17:52
  • Re: Tajik Migrants [email]
       
         
    Все племя Адамово - тело одно,  
    Из праха единого сотворено,  
    Коль тела одна только ранена часть  
    То телу всему в трепетание впасть,  
    Над горем людским ты не плакал вовек,-  
    Так скажут ли люди, что ты человек?  
     
    (Саади)  
     
    Ты хочешь знать, кто лучший из людей,  
    Послушай голос совести моей.  
    Из лучших первым назван будет тот,  
    Кто постоит в беде за свой народ!  
     
    (Джами)  
     
    Власть и могущество-беда,  
    В руках плохих людей.  
    Волк кровожаднее, когда  
    Его клыки острей.  
     
    (Саади)  
     
    Если цели мы добиться  
    Можем миром и должны,  
    То зачем напрасно литься  
    Крови на полях войны?  
     
    (Низами)
     
    15.06.09 08:48

  • Комментировать

    Страницы:     [1] [2] [3] [4] [5] [6] [7] [8] [9] [10] [11] ... [30] >>

    Добавить новое сообщение


    Имя*:
    Email*:
    URL:
    Город:
    ICQ:
    Не сохранять в Cookies
    Уведомить об ответе на email
    Не показывать email
    Личное сообщение
          для владельца книги
    Сообщение*: 6000
    цитата закрыть теги
    все коды